Интернети мобилӣ дар ҳаҷми ду маротиба бештар дастрас мешавад
ДУШАНБЕ, 03.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ду маротиба бештар трафики интернетро муштариёни нав ва амалкунандаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бо пайвастшавӣ ба тарофаи «Биё! Бисоз Life» бо пардохти абонентии 100 сомонӣ ва зиёдтар метавонанд ба даст оранд. Дастрас кардани «ҳаҷми дукарата»-и интернет давоми 6 моҳ имконпазир мебошад.
Солҳои 2025-2030 дар ҷумҳурӣ Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидаанд. Бо дастгирии ин ташаббус МегаФон Тоҷикистон ба муштариёни худ имконияти ба даст овардани трафики ду маротиба зиёдкардашудаи интернетро бе тағйирдиҳии нархи тарофа пешниҳод намуд.
Ҳамаи истифодабарандагони «Биё! Бисоз Life» – тарофаи нодире, ки дар доираи он метавон мустақилона бастаи хизматрасониҳои алоқаи худро сохт, метавонанд иштирокчии иқдом гарданд. Ба муштариён барои интихоб аз 50 то 500 дақиқа зангҳо дар дохили ҷумҳурӣ ва аз 10 то 150 Гб трафики интернет дастрас мебошанд, инчунин метавон миқдори зарурии SMS-ҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд. Ба тарофа ба таври бонус зангҳои бемаҳдуди овозӣ дар дохили шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» ва интернети белимити шабона дохил карда шудаанд.
Барои муштариён идоракунии трафик дар замимаи мобилии «МегаФон Life» тавассути калкулятори васлшудаи тарофавӣ мувофиқтар аст. Зарур меояд, ки дар саҳифаи асосӣ вориди қисми «Тарофаи ман» шуда, сипас «Дастрас»-ро интихоб намуда, «Сохтани тарофа»-ро пахш намоед. Маҳз дар ҳамин қисм муштарӣ метавонад мустақилона миқдори SMS, дақиқаҳо барои муоширати овозӣ ва ҳаҷми гигабайтҳоро қайд кунад. Нархи умумии тарофа дар сатри поёнӣ инъикос меёбад. Баъди интихоби ҳаҷмҳои зарурии хизматрасониҳо кофӣ аст, ки тугмаи «Пайвасткунӣ»-ро пахш кунед.
Агар нархи тарофаи пайвастшуда аз 100 сомонӣ зиёд барояд, муштарӣ ба таври автоматӣ иштирокчии иқдом гардида, +100 фоиз трафикро илова ба трафики асосии худ ба даст меорад. Масалан, агар истифодабаранда 45 Гб интернетро интихоб намояд, 45 Гб-и дигарро ӯ ҳангоми хизматрасонӣ дар доираи тарофа ба сифати бонус ба даст меорад. Иштирок дар иқдом танҳо як маротиба имконпазир аст. Агар қаблан муштарӣ аллакай имконияти ду маротиба зиёд намудани трафикро истифода карда бошад, ба иқдом ба таври автоматӣ пайваст намешавад.
Мизоҷони нав имкон доранд, ки дар иқдом тавассути интихоби тарофа бо нархи мувофиқ ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» дар толорҳои алоқа ё мағозаи интернетии ширкат иштирок намоянд.
«Трафики ду маротиба зиёдкардашуда – имконияти ниҳоят сершумори иловагӣ барои истифодабарандагони хизматрасониҳои рақамӣ ба ҳисоб меравад. Метавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолтар муошират намуда, ба таври онлайн вазифаҳои кориро ҳал кард, маблағҳои худро тариқи смартфон идора намуд ва дар баробари ин бе маҳдудият наворҳои видеоиро тамошо кард. Ин аллакай сабки дигари ҳаёт аст. Бо баландбардории дастрасии интернети мобилӣ мо дар таърихи саноати телекоммуникатсионии Тоҷикистон саҳифаи нав боз мекунем»,-иброз намуд Анатолий Анатолевич, директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон».
Муҳлати амали трафики бонусӣ ба муҳлати амали тарофаи асосӣ баробар аст. Масалан, агар санаи минбаъдаи гирифта шудани пардохт 5 март бошад, трафики ба муштарӣ туҳфашуда маҳз то ҳамин сана амал мекунад. Ҳаҷми ду баробар зиёдкардашудаи интернет дар давоми 6 давраи пардохтӣ, яъне ним сол пешниҳод мегардад. Аз ҳама муҳим он аст, ки тарофаи «Биё! Бисоз Life»-ро қатъ накунед ва ба бастаҳои дорои арзиши камтар нагузаред. Ҳангоми ворид нашудани пардохт давоми 72 соат аз лаҳзаи ба поён расидани муҳлати амали тарофа трафики иловагии бонусӣ қатъ карда мешавад.
Он тарофаеро интихоб намоед, ки имконияти бешуморро барои муошират фароҳам меорад ва ду маротиба бештар интернет ба даст оред!
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд






