ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад

Март 2, 2025 20:43

ДУШАНБЕ, 02.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ, 3 марти соли 2025, соати 10:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон эълон карда мешавад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки интихоботи навбатии вакилонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз соати 6-и субҳ то 20:00 шаффоф ва ошкоро гузашт. Иштироки фаъолонаи 229 нафар мушоҳидони байналмилалӣ дар раванди интихобот далели ин гуфтаҳо мебошад.

Таъкид карда шуд, ки баъди соати 20:00 овоздиҳӣ ба охир расид ва комиссияҳои участкавӣ ба ҳисоби овозҳои интихобкунандагон шуруъ намуданд. Натиҷаи ин ҷамъбаст бо протоколи комиссияҳои участкавӣ ба расмият дароварда мешавад ва ба комиссияи ҳавзаҳои якмандатии интихоботии дахлдор пешниҳод мегардад.

Ба унвони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни овоздиҳии интихобкунандагон ягон арзу шикоят ва муроҷиат ворид нашудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 2, 2025 20:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон