ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Сокинони ноҳияи Хуросон дар 35 ҳавзаи интихоботӣ овоз медиҳанд

Март 2, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 02.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, соати 06:00-и субҳи имрӯз дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид. Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон барои дар сатҳи баланд доир гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ тадбирҳои муҳим андешида шудааст.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сокинони ноҳия- пиру ҷавон бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ субҳи барвақт барои овоз додан ба тарафдории номзадҳои арзандаи худ ба участкаҳои овоздиҳӣ омада истодаанд.

Дар участкаҳои овоздиҳӣ ҷавонони маротибаи аввал дар интихобот иштирок кардаро ботантана пешвоз мегиранд. Онҳоро барои пайдо намудани ҳуқуқи дар интихобот иштирок намудан табрик карда, ҳавасманд мегардонанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди ноҳия 35 ҳавзаи интихоботӣ бо нишондоди ҳудудҳо, шумораи эҳтимолии овоздиҳандагон ва бо қарори Комиссия 33 участкаҳои интихоботӣ ташкил гардид. Дар ноҳия 35 нафар номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешбарӣ гардида, шумораи умумии интихобкунандагон 70062 нафарро ташкил медиҳад.

Иброз гардид, ки раванди овоздиҳӣ дар интихобот мутобиқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ҷараён гирифта, барои интихобкунандагон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар участкаҳои овоздиҳӣ хонаи модару кӯдак ташкил гардидааст, ки то овоз додани падару модарон кӯдакони хурдсол метавонанд дар ин хуҷра машғули бозӣ бошанд.

Раиси участкаи интихоботии №37 дар ноҳияи Хуросон Фирдавс Абдуллоев аз иштироки фаъолонаи сокинони ноҳия иттилоъ дода, гуфт ки «интихобот дар фазои озоду идона идома дошта, тамоми имкониятҳоро истифода будаем, ки он то охир шаффоф, бе ягон вайронкуни қонунҳои амалкунанда ҷараён бигирад».

Интихоботи парлумонӣ ва маҳаллӣ дар ноҳияи Хуросон дар фазои ором бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандон ҷараён дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон

Март 2, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 12:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 59 фоизро ташкил дод