Русия имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ истиқбол менамояд
ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Русия Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар бораи сарҳади давлатӣ, ки 13 март ба имзо расид, истиқбол менамояд. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия хабар доданд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, баимзорасии ин санади муҳим бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ҳарду давлат ва заҳмати тӯлонии ҳайатҳои ҳукуматӣ дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марз имконпазир гардид.
Дар изҳорот гуфта шудааст, ки ҷониби Русия дар руҳияи иттифоқӣ ҳамеша ба шарикон дар Бишкек ва Душанбе ба хотири ҳалли ниҳоии масъалаҳои марзӣ кумаки сиёсию дипломатӣ мерасонид.
«Шубҳае нест, ки татбиқи Шартнома ба таҳкими суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, муносибатҳо байни иттифоқчиён ва шарикони стратегии Русия – Тоҷикистон ва Қирғизистон ба сатҳи сифатан нав мебароянд», — омадааст дар изҳорот.
Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






