Кормандони Палатаи ҳисоб Рӯзи Модарро бо шукргузорӣ аз фазои ороми Ватан ҷашн гирифтанд

Март 6, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 06.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Иштирокдорони ҳамоиш таъкид намуданд, ки барои зан-модар беҳтарин неъмат ин сулҳу оромӣ аст. Онҳо аз ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар фазои орому осудаи мамлакат шукргузорӣ карданд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши иттиллоот ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи Палатаи ҳисоб  хабар медиҳад.

Раиси Палатаи ҳисоб Ҷамшед Каримзода гуфт, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалат, қадру қиммат ва изату эҳтироми занон арҷ гузошта,  барҳақ иброз намудаанд, ки «сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба зан-модар муайян карда мешавад, аз руйи он арзёбӣ мегардад». Дар ҳақиқат,  меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, моро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем».

Изҳор гардид, ки ҳамин таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат, бахусус Сарвари давлат ба пешрафти ҳаёти занону духтарон аст, ки онҳо ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд.

Таъкид шуд, ки ҷашни Рӯзи Модар- ин муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар маҳсуб шуда,  дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани он  нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд.

АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 6, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Модари ҷоизадори бозиҳои олимпӣ Темур Раҳимов: «Модарон барои тарбияи фарзандони хубу номбардори миллат заҳмати сангинро паси сар менамоянд»
Дар Тоҷикистон 71 фоизи кормандони соҳаи тибро занон ташкил медиҳанд
Президенти Тоҷикистон: «13 ҳазор нафар духтарони тоҷик дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд»
Шаъмигули Карим: «Ронанда шудан орзуи даврони кӯдакиам буд»
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оид ба нақши Модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар ноҳияи Муъминобод Рӯзи Модар хотирмон таҷлил гардид
Зан – Модар сарчашмаи ҷовидонаи ҳаёт ва нуру зиёи зиндагӣ аст
Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Дар таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон зан-метеорологҳо нақши муассир доранд
Рӯзи Модарро дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ба таври тантанавӣ таҷлил намуданд
«МОДАР ВАТАН АСТУ ХУД ВАТАН МОДАРИ МОСТ!». Зан-Модар дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад
Барои кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ барномаи идонаи бошукуҳ доир гардид