Коршиносони СҲШ оид ба тағйирот дар қонунгузории миллӣ дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир табодули иттилоъ намуданд
ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 март таҳти раёсати ҷониби Чин ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории коршиносон оид ба такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории Машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин хабар медиҳад, зимни баррасиҳо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ ва меъёрҳои миллӣ дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир табодули иттилоъ намуданд.
Дар ҷамъбасти мулоқот санади дахлдор ба имзо расид.
АКС: Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






