Маросими маҷозии оғози сохтмони ду иншоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 17, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 17.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 март дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсия Русия дар толори Қасри Кремл маросими маҷозии оғози сохтмони ду иншооти муҳими иҷтимоӣ ва гуманитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими оғози бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз маҳалли сохтмони иншоот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба омодагӣ ба баргузории маросим гузориш доданд.

Бо розигии сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин барои бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе санги асос аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони масъули ду ҷониб гузошта шуд.

Сарони ду давлат ва дигар ҳозирин маросими гузоштани санги асоси ин ду иншооти муҳими соҳаҳои фарҳанг ва маорифро дар мониторҳои калон дар Қасри Кремл мушоҳида намуданд.

Қобили зикр аст, ки оғози сохтмони ин ду иншоот боз як нишонаи тавсеаи бомароми робитаҳои гуманитариву фарҳангии Тоҷикистону Русия мебошад.

Март 17, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд