Модари ҷоизадори бозиҳои олимпӣ Темур Раҳимов: «Модарон барои тарбияи фарзандони хубу номбардори миллат заҳмати сангинро паси сар менамоянд»

ДУШАНБЕ, 11.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Калонсолон, бахусус, падару модарон низ бояд пайваста китоб хонанд, ҷаҳони маънавии худро ғанӣ гардонанд, донишу ҷаҳонбинии хешро барои тарбияи дурусти фарзандон истифода баранд ва бо ҳамин роҳ дар соҳибмаърифат гардидани фарзандон саҳм гузоранд. Зеро шумо хуб медонед, ки намунаи шахсии падару модар дар ташаккули шахсияти кӯдакону наврасон нақши назаррас дорад. Ин иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо занону духтарони мамлакат аст, ки 7 марти соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар ҳақиқат, тавре Сарвари давлат иброз медоранд, модар нахустин устод ва домони ӯ аввалин дабистон барои фарзанд маҳсуб мешавад. Қаҳрамони имрӯзаи мо, модари ҷоизадори бозиҳои олимпӣ Темур Раҳимов — Маҳбуба Абдураҳмонова мебошад, ки талошҳояш барои тарбияи фарзандони хубу номбардори миллат бе натиҷа намондааст. Ин модари матинирода фарзандонашро дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳнатпарастӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия намуда, дар ин самт масъулияти баланд дорад.
Модар қисса менамояд, ки дар тарбияи фарзандон сахтгирӣ менамуд. Маҳз ҳамин сахтгирии волидайн буд, ки Темур Раҳимов ба муваффақияти зиёд ноил шуд. Имрӯз Темур ҳам ифтихори модар ва ҳам миллати тоҷик гардидааст.
Модар аз овони наврасии Темур Раҳимов ёдовар шуда, иброз дошт, ки «Темур хеле бачаи оромтабиат буд. Доим бо тайёрии ҷиддӣ ба мактаб мерафт ва вақти холияшро беҳуда намегузаронд. Аз хурдсолӣ ба варзиш майлу рағбати бештар дошт, ҳарчанд аз ҳамаи фанҳо хубу аъло мехонд, аммо соҳаи варзишро бештар дӯст медошт. Дар вақти мактабхонӣ дар чорабиниҳои мактабӣ ва ноҳиявӣ фаъолона иштирок менамуд. Аз ин рӯ кӯшиш мекардам, ки то қадри тавон ӯро барои муваффақ шудан дар варзиш дастгирӣ намоям».
Тарбияи шахсият аз оила ибтидо мегирад ва саҳми модарон дар он бениҳоят зиёд аст. Зеро тарбиятгари олиму шоир, табибу муҳаққиқ ва омӯзгору варзишгар маҳз модарон ҳастанд. Тақдири ояндаи миллат аз тарбияи дурусти модарон вобастагии калон дорад.
«Дар тарбияи фарзандон модарон нисбат ба ҳамаи аъзои хонавода саҳми бештар доранд. Падарон бештар берун аз хона ҳастанд, бародар ва хоҳарбузургҳо ба рӯзгордории худ овора. Аммо модар ҳарчанд баробари падарон ба кори давлат машғул ҳам бошад, дар тарбияи фарзандон саҳми муносиб дорад. Аслан фарзандон тавассути тарбияи модар бо ҷомеа робита пайдо менамоянд»,-мегӯяд Маҳбуба Абдураҳмонова.
Маҳбуба Абдураҳмонова, ки омӯзгор аст, дар оила барои тарбияи фарзандон ҳам модари тарбиятгар ва ҳам омӯзгори сахтгир мебошад.
Ба андешаи модар, аввалин муаллимони кӯдакон баъд аз омӯзгорон модарон мебошанд, ки дар шахсият шудани фарзандонашон нақши муҳим доранд.
Маҳбуба Абдураҳмонова дар айни замон директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Дар баробари иҷрои вазифаи масъулиятнок ӯ ба шогирдон забони англисӣ меомӯзонад.
Шогирдони ин зани бомаърифат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз ҷумҳурӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён ва дар касби интихобнамудаи худ муваффақ гардидаанд.
Ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки фарзандони мардумро мисли фарзандони худ тарбия менамояд. Яъне, ҳар сухани пурмазмуну пурмаҳтавое, ки ба манфиати инсон ва ҷомеа ҳаст, дар хона ба фарзандон ва дар мактаб ба шогирдон мегӯяд.
«Ҳарчанд дар замони имрӯза тарбия намудани фарзандон душвор шуда бошад ҳам, мо бояд масъулиятро дучанд эҳсос намоем. Зеро давлат ва Ҳукумати мамлакат барои ояндаи дурахшони насли наврасу ҷавон тамоми имкониятро фароҳам оварда, аз онҳо умеди зиёд доранд. Пас мо, модарону омӯзгоронро зарур аст, ки барои расидан ба ҳадафу орзуҳо ҳисси баланди худшиносӣ дошта бошем, то тавонем фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем»,-баён дошт Маҳбуба Абдураҳмонова.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон иброз менамоянд, ки «дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар фарзанд аст. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст. Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир мардуми тоҷик ва дар маҷмуъ аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд».
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз