Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд

Март 3, 2025 11:55

ДУШАНБЕ, 03.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мушоҳидони байналмилалӣ, ки барои назорати ҷараёни интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе ба Тоҷикистон омадаанд, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба ин гурӯҳ мушоҳидон аз Русия, Гурҷистон, Қазоқистон, Беларус ва намояндагони Созмони ҳамкории Шанхай дохил буданд.

Роҳбаладони  ин муассисаи фарҳангӣ ба ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ дар шуъбаҳои намоишии Осорхонаи миллӣ таъриху фарҳанг, ҳунармандӣ, тарзи зисти ниёгон, ҷашну анъанаҳо, либосҳои миллӣ ва дастовардҳои беназири замони соҳибистиқлолии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки дар мушоҳидаи раванди интихоботи парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 229 нафар мушоҳидони байналмилалӣ аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон  ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 3, 2025 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд