ОГОҲӢ. Хатари лағзиши тарма ва омадани сел дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон то 31 март боқӣ мемонад

Март 28, 2025 09:52

ДУШАНБЕ, 28.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 31 март бо сабаби боло рафтани ҳарорати ҳаво дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, наҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок (километрҳои 48-74), инчунин дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад. Инчунин 28 март бинобар бориш дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон хатари омадани сел вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки дар ин гуна ҳавои номусоид эҳтиёткор бошанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз сокинон хоҳиш менамояд, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бе зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд, ба чарогоҳҳои кӯҳию шикор ва моҳидорӣ низ нараванд.

Ҳамчунин кумита аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар вазъи роҳҳоро омӯзанд, мошинҳояшон пешакӣ барои сафар омода созанд, ҳамеша бо худ асбобу таҷҳизоти зидди яхбандӣ дошта бошанд. Дар чунин рӯзҳо риояи фосилаи байни мошинҳо низ хеле муҳим аст.

Инчунин масъулини кумита аз сокинон хоҳиш менамоянд, ки барои пешгирӣ аз хатари селҳо сари вақт ҷӯйбору каналҳои назди хонаҳояшонро аз ҳар гуна партовҳо тоза намоянд.

Дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо ҳолатҳои фавқулода бо телефонҳои 112 ё 93 880 28 19 занг зананд.

АКС: IRS

Март 28, 2025 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад