Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонии ҶДММ «Тоҷпанел»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 март дар доираи тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонии ҶДММ «Тоҷпанел»-ро ифтитоҳ намуданд.
Корхонаи нави саноатӣ бо саҳми соҳибкор Суҳроб Мирзоаҳмадов бунёд шуда, иқтидори он дар 1 сол истеҳсоли 15 ҳазор метри мураббаъ панелҳои ороишӣ ва 500 метри мукааб деворҳои байниҳуҷравӣ мебошад.
Ҳоло дар корхонаи тозабунёд 20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, оянда бо зиёд шудани ҳаҷми истеҳсол теъдоди ҷойҳои корӣ ба 30 нафар расонда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки семент ва дигар ашёи хоми истифодашаванда дар истеҳсолот ватанӣ аст.
Дар навбати аввал дар ин ҷо барои қонеъ сохтани талаботи бозори дохилӣ ду намуди маҳсулот — панелҳои ороишӣ барои намои берунаи биноҳо ва деворҳои байниҳуҷравӣ бо шаклу андозаҳои гуногун ва сифати баланд омода шуда, пешниҳоди харидорон мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба масъулон дастур доданд, ки дар раванди саноатикунонии босуръат бояд шумораи чунин корхонаҳо дар кишвар зиёд карда шаванд, зеро ин тадбир воридоти маҳсулоти сохтмониро коҳиш дода, барои рушди истеҳсолоти ватанӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мусоидат менамояд.
Маҳсулоти корхона бо истифода аз дастгоҳу технологияи муосири истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин истеҳсол шуда, ба сифати он кафолат дода мешавад.
Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои ободонӣ аз ҷумла бунёди иншооти таъиноти гуногун вусъат дорад. Аз ин рӯ барои дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ метавон маҳсулоти корхонаи навбунёдро дар иншооти сохташавандаи ҷашнӣ истифода намуд, зеро дастгирӣ аз маҳсулоти босифати ватанӣ ҳавасмандии соҳибкорони истеҳсолиро дучанд мегардонад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2024 бо саҳми соҳибкорону ҷалби сармояи хориҷӣ дар шаҳри Хуҷанд 48 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 1000 ҷойи кории нав ба истифода дода шуд ва ҳоло корҳои сохтмонӣ дар дигар иншооти соҳа идома дорад.









Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид






