Президенти Туркманистон дар Ашқобод бо таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 23.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 марти соли 2025 дар шаҳри Ашқобод дар доираи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии «Таомҳои кишварҳои ҷаҳон» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд.
Дастархони аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодашуда ба Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов пешкаш карда шуд.
Ба Роҳбари Туркманистон таомҳои миллии мардуми тоҷик, номинаҳои либосҳои миллӣ, сангҳои нимқимматбаҳо, зарфҳои дорои нақшу нигори миллӣ ва баъзе анъанаҳои фарҳангӣ муаррифӣ карда шуданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва меҳмонони зиёд, намояндагони корпуси муқими дипломатӣ ва ашхоси расмии имкон пайдо намуданд, ки оши палови тоҷикӣ ва дигар таомҳои миллии мардуми тоҷикро бичашанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон












Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд






