Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли равғани ҶСП «Зуҳал» оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 29.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи Зуҳал оғоз бахшиданд.
Иншоот дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд гардида, иқтидори лоиҳавии он дар як шабонарӯз 40 тонна равғани растанӣ мебошад.
Дар корхона 40 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Хатти истеҳсолӣ аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ, омода намудани қуттиҳои пластикӣ ва бандубаст иборат буда, маҳсулот дар зарфҳои аз як то панҷлитра вориди бозори истеъмолӣ мешавад.
Корхона бо мақсади таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти ватанӣ ва дорои сифати баланд таъсис ёфта, дар он аз рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол мешавад.
Ба таъкиди мутахассисони соҳа, ба кор оғоз намудани корхона метавонад, ҳамчунин, ба коҳиши воридоти хӯроки паранда аз хориҷи кишвар мусоидат намояд, зеро кунҷораи истеҳсолшуда, ки дар таркибаш беш аз 6 фоиз равған дорад ба фабрикаҳои парандапарварӣ бо нархи нистбатан арзон пешниҳод карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо равғани растанӣ тавсияҳои муфид доданд.
Бо таъсиси чунин корхонаҳо имконияти қонеъ намудани талаботи аҳолӣ бо ин навъи маҳсулот бештар шуда, соҳибкорон метавонанд бо истифода аз имтиёзҳои Ҳукумати кишвар истеҳсолоти ватаниро тақвият бахшанд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо маҳсулоти корхона шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки равғани ин корхона дорои сифати баланд буда, аз лиҳози экологӣ тоза ва безарар мебошад.
Сарвари давлат иқдоми созандаи соҳибкори ватаниро шоистаи таҳсин хонда, таъкид доштанд, ки бунёди чунин иншоот ба сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат менамояд.
Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, асосан, корхонаҳои азими коркарди пахта ва маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, қаннодӣ, консерваи меваю сабзавот, равғани растанӣ, ранг, мебел, риштаи абрешимӣ, атлас, гӯшти мурғ ва ғайра фаъолият доранд, ки молу маҳсулоташон ба давлатҳои ҳамсоя ва даҳҳо кишварҳои дигар содирот мешавад.









Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд






