Шакармамад Мирмамадов барандаи Шоҳҷоизаи Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ дар шаҳри Хоруғ гардид

Март 26, 2025 10:45

ДУШАНБЕ, 26.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Хоруғ Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ дар сатҳи баланд баргузор шуд. Паҳлавони тоҷик Шакармамад Мирмамадов барандаи Шоҳҷоизаи ин мусобиқаи байналмилалӣ-мошини сабукрави электромобил гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Дар мусобиқаи мазкур дар баробари варзишгарони Тоҷикистон, паҳлавонон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Паҳлавонони тоҷик Шакармаҳмад Мирмаҳмадов, Шарифҷон Назриев, Фирдавс Насимов, Ҳақназар Назаров, Баҳром Суфиев, Қоим Шукронов, Муҳаммадисо Раҷабов ва Идибеки Амиршо маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори ҷоизаҳои олӣ шуданд.

Идибеки Амиршо, Қоим Шукронов ва Муҳаммадисо Раҷабов дар финал рақибонашонро мағлуб карда, соҳиби Ҷоми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардиданд. Гӯштингири тоҷик Ҳақназар Назаров паҳлавони Узбекистонро мағлуб намуда, Ҷоми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар вазни 86кг сазовор шуд.

Шакармамад Мирмамадов баъди мағлуб намудани Шарифҷон Назриев барандаи Шоҳҷоиза — мошини сабукрави электромобил гардид.

Бояд гуфт, ки гӯштини миллӣ яке аз навъҳои маъмули бозиҳои миллӣ дониста шуда, имрӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст.

Ҳамасола дар доираи баргузории Ҷашни байналмилалии Наврӯз ин мусобиқа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар сатҳи баланд бо иштироки варзишгарон ва дӯстдорони ин намуди варзиш баргузор карда мешавад.

Ҳамчунин бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат бозиҳои миллии халқи тоҷик эҳё гардида, на танҳо дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, балки дар идҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми гӯшаю канори мамлакат бо иштироки паҳлавонони хориҷӣ баргузор карда мешаванд.

Гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул дар байни мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, таърихи онро ба пайдоиши миллати тоҷик рабт медиҳанд. Мардуми тоҷик дар замонҳои пеш ин намуди гӯштинро бештар дар тӯю маъракаҳояшон доир менамуданд.

Гӯштини миллии тоҷикӣ ҳамчун анъанаи ниёгон ба ҷашни Наврӯз шаҳомати дигар мебахшид. Ягона варзиш ё анъанае буд, ки махсусан мардон ба хотири гӯштин ҷашни Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Аз ин бармеояд, ки гӯштин ва Наврӯз бо ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд.

Гӯштингирӣ ё гӯштин аз калимаи тоҷикии «куштӣ» гирифта шудааст, ки маънои камарбандро дорад. Дар замони Зардушт ҳам камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд.

Аслан мусобиқаҳои гӯштингирӣ дар маҳалҳо бахшида ба ҷашну маросим доир гардида, паҳлавонон байни ҳамдигар барои дарёфти мукофоти асосӣ қувваозмоӣ менамуданд. Аз рўи ин намуди зебои варзиш дар фасли баҳору тобистон дар доманакӯҳу саҳро мусобиқаҳо баргузор мегарданд. Паҳлавонон дар байни халқ эътибори бузург дошта, дар васфи онҳо шеъру тарона, очерк, ҳикояҳо ва сурудҳо навишта мешаванд. Паҳлавонон ҳамеша рамзи дӯстӣ ва садоқатмандӣ ба ватанро ифода менамуданд.

Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, барои оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Он солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба инкишоф ниҳод.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

Март 26, 2025 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад