Шаъмигули Карим: «Ронанда шудан орзуи даврони кӯдакиам буд»

ДУШАНБЕ, 09.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботи комил дар сарзаминамон имрӯз занону модарони тоҷик дар тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии ҷумҳурӣ дар радифи мардон фаъолона ва шарафмандона ба халқу Ватан хизмат менамоянд.
Зане, ки ҳар рӯз ба мусофирон бо нақлиёти ҷамъиятӣ хизмат мерасонад
Шаъмигули Карим яке аз чунин занони меҳнатдӯсти тоҷик аст, ки аз 44-солагиаш ба касби ронандагӣ машғул мебошад. Ҳоло ӯ дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-2» ҳамчун ронанда дар хатсайри автобуси №25, ки дар масири маҳаллаи Зарафшон- хиёбони Н. Махсум- кӯчаи А.Навоӣ-хиёбонҳои Б.Ғафуров-А.Сино-С.Шерозӣ-кӯчаҳои Шевченко-Бухоро-М.Турсунзода-Беҳзод-Дӯстии халқҳо–Бадахшон–Меҳнат–Бозори Меҳргон ҳаракат менамояд, ба мусофирон хизмат мерасонад. «Бо дамидани субҳ ба сӯи корхона раҳсипор мешавам ва тибқи ҷадвали ҳаракати автобуси №25 расо соати 06:00 –и саҳар ба роҳ мебароям. Бо тай намудани масофаи зиёда аз 17 километр роҳ, ки 32 истгоҳро дар бар мегирад, ба нуқтаи хастсайри аввал -бозори «Меҳргон» мерасам ва аз он ҷо ба самти хатсайри дуюм –хиёбони маҳаллаи Зарафшон, ки беш аз 16 километрро ташкил дода, аз 29 истгоҳ иборат мебошад, бармегардам»,-иброз намуд мусоҳибамон.
Ронанда шудан-орзуи давраи кӯдакӣ
«Ронанда шудан орзуи даврони кӯдакиам буд, шукри Яздони пок, ки бо саъю талош ва дастгирии атрофиён орзуи хурдсолиам ҷомаи амал пӯшид»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Касби ронандагӣ, хусусан идора намудани нақлиёти калон- автобуси мусофиркашонӣ ба зан мушкил нест? Дар посух ба ин савол Шаъмигули Карим афзуд, ки «вақте касбатонро дӯст медоред ва ба халқу Ватан сидқан хизмат менамоед, дилхоҳ мушкилиро эҳсос намесозед. Бар илова аз фаъолиятатон руҳу илҳоми тоза мегиред, зеро шумо дилбастаи касби худ ҳастед. Ман ифтихор дорам, ки ба мардум хизмат мерасонам, онҳоро ба макони заруриашон бурда мерасонам ва меандешам, ки мусофирон ҳам аз ман розӣ ҳастанд. Ҳатто муносибати кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ низ хуб буда, маро ҳамчун зан-ронандаи автобуси мусофирбар ҳурмат мекунанд ва бароям роҳи сафед орзу менамоянд».
Шаъмигул табиатан зани зебопараст аст
Ҳар мусофире, ки вориди автобуси Шаъмигули Карим мешавад, руҳияаш болида мегардад, зеро ронанда бо чеҳраи кушода ва самимияти беандоза мусофиронро хуш омадед мегӯяд. Баъдан толори нақлиёти мусофиркаш тозаю озода ва бо гулу шоҳпарҳои сунъӣ ва дигар мусаввараҳои ороишӣ зиннат дода шуда, дар он садои мусиқии тоҷикона танинандоз аст. «Ман табиатан зани зебоипарастам, кӯшиш менамоям, ки атрофам, хусусан нақлиёти мусофиркаше, ки ман онро идора менамоям, доимо тозаю озода бошад, то мусофирон нороҳат нашаванд, зеро дар он ҷое, ки дар он тартибу низом ва тозагӣ ҳукмфармо аст, албатта, файзу баракат дорад»,-меафзояд ҳамсуҳбати мо.
Ба фарҳанги миллӣ арҷ мегузорад
Новобаста ба мавсими сол ва касби ронандагӣ Шаъмигули Карим ҳангоми идораи автобуси мусофирбар доимо либоси миллӣ ба бар менамояд, ки барояш хеле шинаму зебанда аст. «Дунёи зебоиро бештар мепарастам ва ба фарҳанги миллӣ, хусусан ба бар намудани пероҳанҳои миллии тоҷикона арҷ мегузорам. Ман фикр мекунам, ки пӯшидани либосҳои тоҷикона, хусусан куртаҳои атлас, адрас ва чакан ба занону духтарони тоҷик ҳусни дигар зам менамояд».
Бунёди роҳҳои замонавию эстакадаҳо кори ронандагони нақлиёти мусофиркашонро осон намуд
«Мо, ронандагони нақлиёти мусофиркашони шаҳрӣ аз ғамхорию дастгириҳо ва ташаббусҳои наҷибу созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт, хусусан дар пойтахт корҳои зиёдеро амалӣ намуданд, хеле шоду болидаруҳ ҳастем. Зеро дар пойтахт даҳҳо километр роҳҳои ҷавобгӯ ба талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ, эстакадаҳо-роҳҳои сетабақа сохта шудаанд, ки кори ронандагони нақлиёти мусофиркашони шаҳриро осон намуданд ва тнмбашавии нақлиётро дар баъзе минтақаҳои пойтахт аз байн бурданд. Инчунин дар солҳои охир автобусҳои наву замонавӣ, ки дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия «AKIA AVESTO AUTOMATIVE INDUSTRU» истеҳсол гардидаанд, дар роҳҳои пойтахт ҳаракат намуда, ба сокинон ва меҳмонон хизмат менамоянд. Аз ҷумла, автобусе, ки ман дар хатсайри №25 идора менамоям, истеҳсоли ҳамин корхона аст», — афзуд Шаъмигули Карим.
Ронанда набояд фаромӯш кунад, ки нақлиётро дар замин идора мекунад, на дар коинот
Оё ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо ягон мушкилиро эҳсос менамоед? Дар посух ба ин савол ҳамсуҳбатамон иброз дошт, ки «хуб мебуд ронандагони таксиҳо дар истгоҳҳое, ки барои автобусҳои мусофиркашон махсус гардонида шудаанд, таваққуф намекарданд, зеро дақиқаҳо дар истгоҳҳо истода, ҷой барои автобусу троллейбусҳои мусофирбарро банд менамоянд. Ё бархе ронандагон тавассути хати аввали ҳаракат дар роҳ, ки марбут ба нақлиёти мусофиркашонӣ аст, ҳаракат менамоянд, ки ин омилҳо, албатта, ба кори мо, ронандагони нақлиёти мусофиркашон халал мерасонанд. Касби ронандагӣ аз ҳар нафар, пеш аз ҳама, муносибати хуб ва сабур буданро тақозо менамояд. Инчунин ҳар ронанда бояд пурра аз мактаби ронандагӣ гузарад ва қоидаҳои идора намудани нақлиёт ва ҳаракат дар роҳро хуб омӯхта, дақиқ риоя намояд, суръати ҳаракатро дар роҳҳо баланд накунад. Ин гуфтаҳо махсусан ба ронандагони ҷавон дахл дорад, то нисбат ба мусофирон эҳтиром дошта бошанд ва фаромӯш насозанд, ки тавассути нақлиёт дар замин ҳаракат менамоянд, на дар коинот.
Аз интихоби касбам пушаймон нестам
Шаъмигули Карим дар баробари касби пуршарафи ронандагӣ, инчунин модари ғамхору мушфиқ, меҳрубон ва боғайрат мебошад. Шаш фарзандро дар танҳоӣ ба камол расонидан кори саҳл нест. «Вақте ки ман ба ҳайси ронанда ба фаъолият шуруъ намудам, фарзандонам зид баромада, гуфтанд, ки «оча, касби ронандагӣ хоси зан нест». Вале ман, ки аз овони хурдсолӣ дилбохтаи касби ронандагӣ будам, ба суханони фарзандонам эътибор надода, ронанда шудам. Имрӯз аз интихоби касбам на танҳо пушаймон нестам, балки ифтихор менамоям, ки ба мардумам аз сидқи дил хизмат мерасонам».
Таманно дорам, ки қалби модарони тоҷик аз меҳру муҳаббат саршор бошад
Шаъмигули Карим дар поёни суҳбат гуфт, ки «ба занону модароне, ки дар паси чанбараки нақлиёти мусофиркашони шаҳрӣ нишастаанд ва онро идора менамоянд, дар маҷмуъ ба тамоми занону духтарони тоҷик, қабл аз ҳама, саломатӣ, иқболи накӯ ва рӯзгори хушу осударо дар зери осмони нилгун таманно дорам. Хоҳони онам, ки ҳамеша қалб ва ниҳоди занону духтарони тоҷик саршори меҳру муҳаббат, самимият, хулқу атвори накӯ бошад, дар тарбия ва ба камол расонидани фарзандони солеҳу фарзона масъулияти бештар ҳис намоянд. Фарҳанги пӯшидани либосҳои миллӣ ва шарму иффатро, ки хоси зан –модари тоҷик аст, фаромӯш насозанд, зеро шоир ва мутафаккири бузург Мирзо Абдулқодири Бедил фармудааст:
Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи эътибор,
Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст».
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»