Сол то сол шумораи занону духтарон дар соҳаи геологияи Тоҷикистон меафзояд

Март 7, 2025 09:57

ДУШАНБЕ, 07.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Занону духтарони соҳаи геология дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми сазовор мегузоранд. Ба мушкилии кори геология нигоҳ накарда, сол то сол теъдоди хоҳишмандони кор аз ҳисоби занону духтарон дар ин соҳа меафзояд. Чунин иброз гардид зимни ҳамоиш ба ифтихори Рӯзи Модар дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тавре аз Саридораи геология ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш иброз гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ занону духтарон дар ҳама соҳаҳо, бахусус соҳаи геология нақши назаррас доранд. Онҳо дар пешрафти рушди геология — ҷустуҷӯи боигариҳои қаъри замин саҳми арзанда мегузоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки шумораи занону духтарон дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои он сол то сол меафзояд. Онҳо ба ҳайси роҳбар, хизматчии давлатӣ ва дар вазифаҳои гуногун уҳдадориҳои мансабиро дар сатҳи баланд анҷом медиҳанд. Ҳадафи асосии занону духтарони меҳнатдӯсти соҳаи геология барои ноил гардидан ба комёбиҳои дар наздашон гузошташуда ва рушди сарватҳои қаъри замин равона карда шудааст.

Иброз гардид, ки таваҷҷуҳи махсуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди ҳаёти занон ва баланд гардидани мавқеи онҳо дар ҷомеа буд, ки давра ба давра иштироки фаъолонаи онҳо дар умури давлатдорӣ таъмин ва саҳмашон дар рушди ҷомеа назаррас гардид.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занону духтарон тадбирҳои зарурӣ меандешад.

АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 7, 2025 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»