Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз
Олиҷанобон,
Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Жапаров Садир Нургожоевич,
Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Мирзиёев Шавкат Миромонович!
Меҳмонони олиқадр, ҳозирини гиромӣ!
Бо камоли хушҳолӣ шуморо дар сарзамини Тоҷикистон дар ин рӯзҳои ҷашнӣ хайрамақдам мегӯям.
Ҳамчунин, Шумо ва мардумони ба мо бародару ҳамҷавори Қирғизистону Узбекистон, намояндагони дигар кишварҳои ба мо дӯсту шарикони байналмилалиро, ки имрӯз ба шаҳри бостонии Хуҷанд ташриф овардаанд, ба ифтихори Рӯзи байналмилалии Наврӯз самимона табрик мегӯям.
Бо истифода аз ин фурсат, ба тамоми сокинони кишвари азизам беҳтарин орзуҳои худро ба муносибати ин ҷашни хуҷастапай бори дигар иброз менамоям.
Наврӯз ба якояки Шумо муборак бод!
*****
Басо рамзист, ки вохӯрии мо дар айёми ҷашни Наврӯзи пуршукӯҳ — намоди бедоршавии табиат, марҳилаи нави гардиши зиндагӣ ва боварӣ ба ояндаи беҳтар сурат мегирад.
Ғояву анъанаҳои тағйирнопазири Наврӯз ҳамчун ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги мо аз қаъри қарнҳо моро ба таҳкими сулҳу субот, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ водор месозанд.
Боиси фарҳамандист, ки мардумони мо ҳамеша барои ҳифзу ғанӣ гардонидани анъанаҳои неки он — бародарӣ, ризоият, ҳамдилӣ саъю талош карда, онҳоро то ба рӯзҳои мо расонидаанд.
Ин ҷашн дар тӯли асрҳои зиёд барои таҳкими ғояҳои олии башардӯстӣ, фазои эҳтироми муштарак ва созгорӣ хизмат менамояд.
Кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои мустаҳками дӯстии танготанг, накӯҳамсоягӣ ва рушди муштарак ба ҳам мепайванданд.
Комилан возеҳ аст, ки имрӯз ҳам талошҳои муштараки мо ба он равона шудаанд, ки ин таҷрибаи созандаи таърихиро пурра ба нафъи наслҳои имрӯзаву оянда истифода барем.
Рушди ҳамаҷонибаи ҳамкории зичи мурдумону давлатҳои мо дар ҳамаи соҳаҳои манфиатҳои муштарак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Маҳз барои ҳамин ҳам натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем.
Имрӯз мо санади таърихӣ — Аҳднома оид ба нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишварро ба имзо расонидем.
Ҳамин тавр, мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама, дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пуштибонӣ мекунем.
Бовар дорам, ки аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт.
Он ҳам боиси итминон аст, ки мувофиқаҳои имрӯз ҳосилшуда, бешубҳа, омили муҳимми рушду таъмиқи минбаъдаи муносиботи байнидавлатӣ ва ҳамкории мо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар арсаҳои манфиатҳои муштарак хоҳанд шуд.
Ин ниёзмандиҳои табиии мардумони се кишвар аст ва мо вазифадорем, ки минбаъд низ дар ин самт саъю талоши муштарак ба харҷ диҳем.
Рушди пайвастаи муносибатҳои кишварҳоямон ба манфиатҳои аслии мардумони мо ҷавобгӯ буда, ба таҳкими сулҳу субот ва шукуфоии тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард.
Бовар дорам, ки мо дар якҷоягӣ, бо дастгирии доимии мардумонамон, дар ин ҷода ба дастовардҳои бузург ноил хоҳем гашт.
Бори дигар Шуморо, мӯҳтарам Содир Нургожоевич ва Шавкат Миромонович, инчунин, ҳамаи меҳмонони азизамонро дар Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегӯям.
Ба ҳамаи шумо саломатии бардавом, хушбахтиву беҳрӯзӣ ва ба кишварҳоямон сулҳу амонӣ, рушд ва пешрафт минбаъда орзу менамоям.
Дӯстӣ ва бародарии мардумонамон ҷовидону бегазанд бод!
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!








Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Сарвазири Гурҷистон Кобахидзе Ираклий






