ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 март, панҷшанбе, 79-умин рӯзи соли 2025 аст

Март 20, 2025 08:00

20 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе бинои нави «Vefa Center» ифтитоҳ гардид.

***

Соли 2012 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистон албоми суратҳои «Наврӯз – ҷашни куҳан ва ҷавон» нашр шуд.

***

20 марти соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Симпозиуми байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз баргузор гардид.

***

20 марти соли 2021 дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як зумра сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз барқияҳои табрикӣ ворид шуданд.

***

20 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон сафар намуда, дар  шаҳру ноҳияҳои вилоят якчанд иншооти гуногуни муҳимро ифтитоҳ намуданд.

***

20 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ MITT-2024 баргузор гардид, ки дар он 750 субъекти хизматрасони соҳаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ аз 21 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок намуда, зарфияти сайёҳиашонро пешкаши ҷаҳонгардон намуданд.

20 МАРТ:

Дар Тоҷикистон Рӯзи фарҳанг.

***

Рӯзи Замин.

***

Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ.

***

Рӯзи байналмилалии астрология.

***

Рӯзи байналмилалии бе гӯшт.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Файзулло Ансорӣ—  соли 1931 – шоир, драматург.

***

Убайдулло Раҷабов-  соли 1941 –Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Март 20, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, якшанбе, 348-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, шанбе, 347-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, ҷумъа, 346-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, панҷшанбе, 345-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, чоршанбе, 344-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, сешанбе, 343-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, душанбе, 342-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, якшанбе, 341-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, шанбе, 340-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, ҷумъа, 339-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, панҷшанбе, 338-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, чоршанбе, 337-умин рӯзи соли 2025 аст