МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити рушди босуръати ҷомеа ва равандҳои ҷаҳонишавӣ масъалаи тарбияи насли солим ва ватандӯст аҳамияти хосса касб менамояд. Асоси ин раванд аз муҳити оила ва махсусан аз нақши модар сарчашма мегирад. Модар нахустин муҳити иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва маънавии кӯдак буда, шаклгирии шахсият маҳз аз оғӯши ӯ оғоз меёбад.
-Аз нуқтаи назари илмҳои иҷтимоӣ ва педагогӣ оила мактаби аввалини инсон маҳсуб мешавад. Дар ин «мактаб» модар нақши калидӣ дорад. Маҳз ӯ бо меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва масъулияти баланд заминаи тарбияи ҷисмонӣ, равонӣ ва ахлоқии фарзандро фароҳам месозад. Насли солим танҳо дар муҳити орому пурмуҳаббат ба воя мерасад.
Солимии насл мафҳуми фарох дошта, танҳо бо саломатии ҷисмонӣ маҳдуд намегардад. Он фарогирӣ ба солимии руҳӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ низ мебошад. Модар дар ин раванд ҳамчун намунаи рафтор ва фарҳанг амал мекунад. Гуфтор, кирдор ва муносибати ӯ ба зиндагӣ дар зеҳни кӯдак нақши амиқ мегузорад. Агар модар дорои ҷаҳонбинии васеъ, маърифати баланд ва эҳсоси масъулият бошад, фарзанд низ бо чунин арзишҳо ба камол мерасад.
Ватандӯстӣ яке аз арзишҳои муҳими тарбияи миллӣ мебошад. Муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ аз муҳити оила оғоз меёбад. Модар метавонад бо нақлу ривоятҳо, шиносоии фарзанд бо анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ дар қалби ӯ ҳисси ифтихор ва садоқат ба Ватанро бедор намояд. Бесабаб нест, ки дар фарҳанги мо мафҳумҳои «Модар» ва «Ватан» ҳамеша паҳлуи ҳам қарор доранд, зеро ҳарду сарчашмаи зиндагӣ ва ҳастии инсон мебошанд.
Модар на танҳо фарзандро ба зиндагӣ омода месозад, балки ӯро ба дӯст доштани сулҳ, ваҳдат ва истиқлолият талқин мекунад. Маҳз модар аст, ки метавонад дар қалби фарзанд ҳисси масъулият нисбат ба Ватанро бедор намояд.
Мо ифтихор дорем, ки Модари қаҳрамон ба миллати тоҷик чунин фарзанди фарзона — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳдо намудааст, ки имрӯз Тоҷикистон бо талошҳояшон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ рушду пешрафт дорад.
Шарафу эҳтиром ба чунин модароне, ки барои миллат фарзандони содиқ, ватандӯст ва фидокор тарбия менамоянд. Қадри модар баланд ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеа муқаддас аст, зеро ояндаи давлату миллат аз тарбияи неки модарон сарчашма мегирад.
Қобили гуфтан аст, ки имрӯз модарони тоҷик на танҳо дар доираи оила, балки дар сатҳи гуногуни вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ ва сохторҳои давлатӣ фаъолияти роҳбарикунанда ва илмӣ доранд. Ҳузури фаъолонаи занон дар идоракунии давлатӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ гувоҳи болоравии мақому манзалати онҳо дар ҷомеа мебошад. Махсусан дар сохторҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ занон бо масъулияти баланд ба корҳои илмӣ машғул буда, соҳиби дастовардҳои назаррас гардидаанд. Онҳо дар таҳияи лоиҳаҳои илмӣ, нашри мақолаҳо, иштирок дар конфронсҳои байналмилалӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми арзанда мегузоранд.
Ин нишон медиҳад, ки модари имрӯз на танҳо тарбиятгари насли солим, балки фаъоли иҷтимоӣ ва шахсияти илмӣ низ мебошад. Ҳамоҳангии рисолати модарӣ ва фаъолияти касбӣ метавонад намунаи ибрат барои насли ҷавон гардад. Маҳз чунин занони фаъол бо заҳмати худ обрӯ ва нуфузи ҷумҳуриро дар арсаи илм ва идоракунӣ баланд мебардоранд.
Мо ифтихор дорем, ки модарони тоҷик фарзандони фарзона, ватандӯст ва фидокор ба воя расонидаанд. Маҳз дар оғӯши модар шахсиятҳое парвариш меёбанд, ки минбаъд барои сулҳ, ваҳдат ва пешрафти мамлакат хизмат менамоянд. Ояндаи давлату миллат аз тарбияи неки модарон сарчашма мегирад.
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
Ҳамин тавр, модар на танҳо тарбиятгари фарзанд, балки меъмори ояндаи миллат аст. Сатҳи маърифат, масъулият ва худогоҳии модарон мустақиман ба сифати насли оянда таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва дастгирии модар, баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа яке аз шартҳои муҳими рушди устувори мамлакат ба шумор меравад.
Анвар БӮРИЗОДА,
директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС аз манбаъҳои боз








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
ТАВСИЯИ МУФИД. Истеъмоли мавиз асабро ором ва хотираро мустаҳкам месозад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст
Саҳми Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди равишҳои инноватсионӣ дар таҷлили Истиқлоли давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОН. Ихтироъкорони тоҷик дар шаш моҳ соҳиби 77 нахустпатент шуданд
Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 натиҷагирӣ карда шуд
ДАРКИ АМИҚИ МОҲИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ. Он шарти муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат аст
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд






