Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд

Март 3, 2026 13:44

ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ба тасвиб расид.

Тавре аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамасола шуруъ аз 1 апрел дар мамлакат маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз шуда, то охири моҳи май идома меёбад.

Мутобиқи моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2026 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.

Моҳҳои апрел-майи соли 2026 шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола, ки то рӯзи даъват ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.

Бояд гуфт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи асосии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Вазъияти мураккаби ҷаҳони имрӯз аз ҳар фарди бедордил ва ҷавонони бонангу номус тақозо менамояд, ки дар самти ҳимояи истиқлоли давлатӣ ва марзу бум аз ҳарвақта дида, масъулияти бештар эҳсос намоянд.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмат ба Ватан, таҳкими истиқлол ва иқтидори мудофиавии он вазифаи ҳар шаҳрванд буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагист. Ҷавонон маҳз дар давраи хизмати ҳарбӣ имкон доранд, ки моҳияту мафҳумҳои Ватан, давлат ва муқаддасоти миллии худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.

Дар асоси моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд мебошад.

Ҳукумати мамлакат барои боз ҳам рушд додан ва фароҳам намудани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад. Бо назардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ меафзояд.

Дастгирию ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати мамлакат нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, бунёди заминаи хуби моддиву таълимӣ дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ ва фароҳам овардани шароити ҳаматарафаи хизмативу маишӣ боис гаштааст, ки бештари шаҳру ноҳияҳои мамлакат иҷрои нақшаи даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати аскариро пеш аз муҳлат таъмин намоянд.

Сол аз сол беҳтар гардидани шароити техникии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри фароҳам овардани шароити арзанда барои хизматчиёни ҳарбӣ дарак медиҳад. Ҳамаи ин имконияти фароҳамгардида насли ҷавони мамлакатро вазифадор месозад, ки аз хизмати Ватан-Модар саркашӣ накарда, барои ҳифзи марзу буми он доим омода бошанд.

Хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонун, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ аз бар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш дохил мешаванд ва дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои таваллуди 1998-2007-ро дар бар мегирифт, 100 фоиз иҷро гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 3, 2026 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо