ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 март, панҷшанбе, 65-умин рӯзи соли 2025 аст

Март 6, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 2009 воситаҳои ахбори омма хабар доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби раванди воридоту содирот «Равзанаи ягона» таъсис дода шуд.

***

6 марти соли 2010 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё баргузор гардида, дастаи «Вахш»-и Тоҷикистон ба гурӯҳи «В» дохил шуд.

***

6 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди истифода қарор доданд.

***

6 марти соли 2020 бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и пойтахт барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид.

***

6 марти соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам Во Ван Тхионг барқияи шодбошӣ ирсол намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва тиҷоратии «ITB Berlin-2024» баргузор гардид, ки дар он иқтидори сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

6 МАРТ:

Рӯзи байналмилалии духтури дандон.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Расул Ҳодизода — соли 1928 — адабиётшинос, мунаққид, нависанда, тарҷумон. Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1954), доктори илми филология (1970).

Март 6, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, душанбе, 40-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 феврал, якшанбе, 39-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 феврал, шанбе, 38-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 феврал, ҷумъа, 37-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 феврал, панҷшанбе, 36-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 феврал, чоршанбе, 35-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 феврал, сешанбе, 34-умин рӯзи соли 2026 аст