ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 март, ҷумъа, 66-умин рӯзи соли 2025 аст

Март 7, 2025 08:00

7 марти соли 2009 Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии Озарбойҷон «TREND» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

***

7 марти соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати бистсолагии барқароршавии  муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федералии Олмон ба Раиси Бундесрати Ҷумҳурии Федералии Олмон, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Федералии Олмон Ҳорст Зееҳофер барқияи шодбошӣ ирсол намуданд.

***

Соли 2013 маҷмуаи ашъори шоирони муосири тоҷик бо номи «Бо чашми Рӯдакӣ» дар Беларус ба нашр расид. Ин китобро нашриёти «Звезда»-и Минск интишор намуда, ба он адабиётшиноси маъруф Алес Карлюкевич пешгуфтор навиштааст.

***

7 марти соли 2016  дар назди кафедраи «Омӯзиши Осиёи Марказӣ»-и факултети «Муносибатҳои байналмилалӣ» — и Донишгоҳи Кангнами шаҳри Ёнгини Ҷумҳурии Корея шуъбаи забони тоҷикӣ ифтитоҳ шуд.

***

7 марти соли 2017 дар «Кохи Борбад» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи Модар чун анъанаи накӯи наврӯзӣ бо занону духтарони фаъоли мамлакат мулоқоти судманду самимӣ доир намуданд.

***

7 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати сиёсии байниидоравии Тоҷикистон ва Финландия баргузор гардид.

***

7 марти соли 2023 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

7 марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шурои директорони Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

7 МАРТ:

Дар Албания – Рӯзи омӯзгор.

***

Дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Зулфия Баҳриддинова— соли 1922 – Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

***

Ҷӯра Латифов— соли 1938 –доктори илмҳои таърих, профессор.

Март 7, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш