Ҷумҳурии Корея имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ истиқбол менамояд

Март 20, 2025 08:57

ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Корея аз имзои Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки аз ҷониби президентҳои мамлакатҳо 13 март ба имзо расид, истиқбол менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Сеул хабар медиҳад.

«Ҳукумати Ҷумҳурии Корея ҳамчун шарики калидии Осиёи Марказӣ умедвор аст, ки руҳияи ҳамкорие, ки ду мамлакат дар рафти гуфтушунидҳо оид ба делимитатсияи сарҳад нишон доданд, ба сулҳ, субот ва шукуфоии минтақаи Осиёи Марказӣ саҳм мегузорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Корея инчунин умедвор аст, ки ин дастовард ба рушди минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамкории Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард»,- гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея.

Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 20, 2025 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид