Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳои Узбекистон бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуд

Март 27, 2025 10:16

ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳои Ҷумҳурии Узбекистон Конгратбай Шарипов зимни шиносоӣ бо бинои нави Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмони Самарқанд ба номи Мирзо Улуғбек бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, ки дар доираи барномаи мубодилаи академӣ дар ин донишгоҳ таҳсил менамоянд, суҳбат намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд, Конгратбай Шарипов аз ҷараёни таҳсили донишҷӯён ва имконияту шароити барои онҳо фароҳамшуда огоҳ шуда, барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва таҳсили донишҳои замонавӣ ба донишҷӯён тавсияҳо дод.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масоили марбут ба мубодилаи омӯзгорон ва донишҷӯён, ташкили равандҳои омӯзиши мутақобил, баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон, амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва дигар мавзуъҳои мубрамро бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии хориҷи ҷумҳурӣ пайваста тақвият медиҳад. Донишгоҳ имсол зиёда аз 30 донишҷӯро ба мамлакатҳои пешқадам, аз ҷумла Подшоҳии Испания, Қазоқистон ва Узбекистон равон намуд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Март 27, 2025 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд