Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 март 16 санади нави ҳамкорӣ аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расиданд.
Аз ҷумла, байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарии назди Девони вазирони Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар доданд, Ёддошти тафоҳум бо мақсади густариши ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ барои бехатарӣ аз барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ дар ҳудуди ҳарду давлат ва баҳисобгирии мавқеи асосии бахши аграрӣ дар рушди иқтисод ва бехатарии озуқаворӣ қабул гардид.
Дар доираи ин санад ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи байторӣ густариш ёфта, ба тақвият додани фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкилу фароҳам овардани шароитбарои барқарор намудани равобити бевоситаи субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар воридоту содироти маҳсулоти таҳти карантинӣ, захираҳои моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи бехатарии озуқаворӣ ва беҳтар намудани вазъи иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






