Рустами Эмомалӣ пешниҳод намуданд, ки гӯштингирӣ ба Бозиҳои Осиё ва Бозиҳои олимпӣ ворид карда шавад

Апрель 3, 2025 15:05

ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ноиби аввали Президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ, Президенти Кумитаи олимпии давлати Қатар Ҷоан Бин Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе хабар доданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи меҳмони олиқадрро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, пешбурди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманд бо Давлати Қатарро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мизбонии муваффақонаи Қатарро дар мусобиқаи муҳими байналмилалии варзишӣ – Ҷоми Осиё оид ба футбол табрик гуфтанд.

Таъкид гардид, ки воқеан варзиш воситаи муассири беҳдошти тарғиби тарзи ҳаёти солим барои инсоният, махсусан ҷавонон ба шумор меравад. Боиси ифтихору хушҳолӣ аст, ки маҳз бо дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш, бахусус навъҳои варзиши олимпӣ дар мамлакати мо дар марҳилаи рушд қарор доранд.


Муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақши Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва Шурои олимпии Осиёро дар иштироки фаъоли варзишгарони тоҷик дар бозиҳои олимпии ҷаҳон ва минтақа муҳим арзёбӣ карда, пешниҳод намуданд, ки варзиши гӯштингирӣ дар марҳилаи аввал ба Бозиҳои Осиё ва дар марҳилаи дуюм ба Бозиҳои олимпӣ ворид карда шавад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва Шурои олимпии Осиё таклифи инҷонибро дар муҳлатҳои наздик ҷонибдорӣ менамоянд.

Дар фарҷом ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои муҳими соҳа ибрози андеша намуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе

Апрель 3, 2025 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд