ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Хоҷагии деҳқонии «Раҳим Салим» дар ноҳияи Восеъ дар таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ нақши назаррас дорад
ДУШАНБЕ, 27.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Восеъ оилаи Салимовҳо аз зумраи кишоварзоне мебошанд, ки дар таъмини бозори ноҳия бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ нақши назаррас доранд. Ин оилаи деҳқон на танҳо хонаводаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин месозад, балки боқимондаи онро ба фурӯш бароварда, аз он фоидаи калон ба даст меорад.
Ҳоҷагии деҳқонии оилаи Салимовҳо бо номи «Раҳим Салим» аз соли 2004 фаъолият дошта, ҳамасола дар 16 гектар маҳсулоти полезӣ, ғалладонагиҳо ва пахта кишт менамоянд.
Роҳбари ин хоҷагии деҳқонӣ Илҳом Салимов дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки дар айни замон дар 5 гектар навъи чигити «Дӯстӣ», дар 5 гектар маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла помидор, булғорӣ, картошка, пиёз, дар 3 гектар ғалладонагиҳо (гандум ва ҷав) кишт намуда, инчунин дар 3 гектари он боғ бунёд кардаанд.
Ҳамсола аз кишти чигит 30-40- сентнерӣ ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, бо ҳосили маҳсулоти полезӣ оила ва то қадри имкон бозори ноҳияро таъмин менамоянд.
«Дар боғи бунёдкардаи мо аслан дарахтони 10-12 солаи шафтолу, себ, олу, гелос, зардолу ва нок парвариш меёбанд, ки ҳамасола ҳосили меваи онро ба фурӯш мебарорем. Инчунин дар боғ барои хӯроки чорво ришқа парвариш карда мешавад. Дар баробари ин дар атрофи замини кишоварзии мо дарахтони чандинсоаи тут мавҷуданд, ки онҳоро нигоҳубин намуда, барги онро дар кирмакпарварӣ истифода менамоем»,-мегӯяд Илҳом Салимов.
Дар Хоҷагии деҳқонии «Раҳим Салим» 21 саҳмдор кор мекунанд, ки аксари онҳо занони хонанишин мебошанд.
Дар натиҷаи риояи қоидаҳои агротехникӣ ва доштани таҷрибаи хуби деҳқонӣ ҳамасола аз замин ҳосили фаровон мерӯёнанд. Заҳмати шабонарӯзӣ, истифодаи мақсадноки замин ва гирифтани ду-се ҳосил аз қитъаи замин имкон медиҳад, ки аз ҳисоби фоида сатҳи зиндагиашон беҳтар гардад.
«Дар замини наздиҳавлигӣ низ ба корҳои кишоварзӣ машғул ҳастем, дар он ҷо навъи ангури «кишмиши сиёҳ» ва «ҳусайнии сурху сафед» парвариш мекунем. Ҳосили онро низ ба фурӯш мегузорем»,- иброз дошт кишоварз Илҳом Салимов.
Аз суҳбат бо Илҳом Салимов маълум гардид, ки меҳнати содиқонаи онҳо имкон фароҳам овардааст аз ин ҳисоб хароҷоти оиларо таъмин намоянд.
Онҳо оилавӣ ба соҳаи кишоварзӣ машғул мебошанд. Сарвари хонадон барои дар оянда аз ин ҳам бештар рӯёнидани ҳосил ва донистани нозукиҳои соҳаи кишоварзӣ фарзандаш Хайём Салимовро ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дохил намуд.
«Бо мақсади беҳтар донистани агротехникаи соҳаи кишоварзӣ ва доштани таҷрибаи хуби ин соҳа фарзандамонро ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил намудем. Ӯ дар айни замон дар курси якум мехонад. Умед дорем, ки дар оянда яке аз мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи кишоварзӣ шуда, дар пешрафти он саҳм мегузорад»,-иброз медорад Илҳом Салимов.
Дарвоқеъ, рушди соҳаи кишоварзӣ ба таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии давлат бо маводи хӯрокворӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи истифодаи самаранок ва оқилонаи обу замин таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Махсусан дар аввалин солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду марҳила тақсим гардидани 75 ҳазор гектар замин барои ташкили хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон бобати истифодаи босамари замин ва зиёд шудани майдони кишти такрорӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз намуданд, ки «замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст».
Дар ин замина вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ эътибори махсус зоҳир намуда, ҳар қитъаи замин самаранок истифода бурда шавад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»









РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст






