ҲАФТАИ ИЛМ – 2025. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз муҳимтарин дастовардҳо натиҷагирӣ намуд

ДУШАНБЕ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 26 апрел дар Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» бо мақсади ҷалби донишҷӯён, омӯзгорон ва муҳаққиқон ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ Ҳафтаи илм – 2025 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз донишгоҳ хабар доданд.
Аз ҷумла иттиллоъ дода шуд, ки 14 апрел Ҳафтаи илм-2025 бо баргузории Конфронси байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия: дурнамо ва имкониятҳо», ки ба муносибати эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бахшида шуда буд, расман оғоз ёфт.
Инчунин, дар ин Ҳафта як қатор чорабиниҳои илмӣ-назариявӣ ва амалӣ баргузор гардиданд. Мақсади асосии онҳо баланд бардоштани сатҳи маърифати илмӣ, муаррифии дастовардҳои илмӣ-тадқиқотии устодон ва донишҷӯён, инчунин тақвияти равандҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ, иқтисод, ҳуқуқ ва дигар бахшҳои марбута буд.
15 апрел бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва дипломатияи сабз» баргузор гардид. Дар конфронс намояндагони корпуси дипломатии муқими Душанбе ва сафирони чанд кишвари хориҷӣ иштирок намуданда, оид ба таҷриба ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ибрози назар намуданд.
19 апрел бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Муаммоҳои рушди сайёҳии байналмилалӣ дар шароити муосир» баргузор гардид. Дар кори конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва коршиносони байналмилалӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок ва баромад намуданд.
22 апрел бо ибтикори кафедраи хизматрасониҳои тиббӣ-осоишгоҳии Институти сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, конфронси илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Тибби сайёҳӣ ва нақши он дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ” баргузор гардид, ки дар кори он олимону коршиносони соҳаи тиб аз кишварҳои хориҷӣ, бахусус аз Фаронса, Озарбойҷон, Узбекистон, Федератсияи Русия, Покистон тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин, дар чорабинии илмии мазкур олимони варзидаи соҳаи тиб аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад карданд.
14 то 20 апрел дар Донишгоҳ оид ба масоили мубрами иқтисодиёт, идоракунӣ ва рушди соҳибкорӣ семинарҳои илмии байналмилалӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ, махсусан бо иштироки олимону муҳаққиқон аз Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Шоҳигарии Бритониёи Кабир баргузор шуданд, ки дар онҳо устодони донишгоҳ, коршиносони соҳа ва намояндагони бахши хусусӣ суханронӣ карданд.
14 то 20 апрел дар Донишгоҳ оид ба масоили мубрами иқтисодиёт ва рушди соҳибкорӣ мастер-классҳои байналмилалӣ бо иштироки профессор аз Ҷумҳурии Исломии Покистон Jabbar Ul-Haq — доктори иқтисодиёт, профессори факултети иқтисодиёти Донишгоҳи Саргодх баргузор гардид.
23 апрел ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муҳтарам Убайдулло Асрорзода дар Форуми ректорони дар доираи Форуми XV иқтисодии ҷавонони Авруосиё, ки дар вилояти Свердловск баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Аз санаи 14 то 19 апрел дар Донишгоҳ, махсусан дар 3 институт ва 4 факултет 7 конфронси умумидонишгоҳӣ баргузор гардид.
15 апрел дар Донишгоҳ даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” доир гардид. Дар озмуни мазкур зиёда аз 240 нафар довталабон ширкат варзида, 26 нафари онҳо ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
17 апрел дар толори фарҳангии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи — субҳи доноӣ китоб аст» бо иштироки зиёда аз 300 нафар довталабон, ки 22 нафари онҳо ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд, доир карда шуд.
18-19 апрел семинари доимоамалкунандаи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Некруз Қудратов дар мавзуи «Масъалаҳои таъмини ҳуқуқии муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон ва нақши онҳо дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ» бо иштироки зиёда аз 1500 нафар омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар Донишгоҳ дар доираи Ҳафтаи илм 24 ҷаласаи маҳфилҳои илмии донишҷӯёни назди кафедраҳо бо баррасии мавзуъҳои мубрам баргузор гардиданд.
Вобаста ба конфронсҳои баргузоршуда дар Донишгоҳ 9 маҷмӯаи маводҳои илмии ҳайати профессорон ва омӯзгорон омода ва ба нашр расид.
Вобаста ба конфронсҳои баргузоршуда дар Донишгоҳ 6 маҷмӯаи маводҳои илмии донишҷӯён, ки фарогири 960 мақолаҳои илмӣ мебошанд, омода ва ба нашр расиданд.
Вобаста ба Рӯзи илми тоҷик, Рӯзи пойтахти тоҷикон шаҳри Душанбе, ҳифзи пиряхҳо зиёда аз 50 мақолаҳои оммавӣ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид.
Дар Ҳафтаи илм – 2025, 6 нафар омӯзгорони Донишгоҳ аз пешдифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ гузаштанд.
Дар ин давра Донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси «Тибби сайёҳӣ»-и Институти сайёҳии Донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» байн донишҷӯён, магистрантон докторантон аз рӯи ихтисоси PhD ва унвонҷуёни Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷои сеюм гардид. Ассистенти кафедраи менеҷмент Пирова Ш. ва донишҷӯйи курси 2 – юми ихтисоси 400301 институти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ Шоҳзода Шодмеҳр дар озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» сазовори мақоми ифтихорӣ гардиданд.
Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 апрели соли 2025, № 226 Лола Алиева – номзади илмҳои техникӣ, мудири шуъбаи таҳқиқоти муҳити зист ва идоракунии захираҳои табиии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, сазовори Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе дар самти техника ва технология дар соли 2025 гардид. Инчунин, дар самти “Беҳтарин китобхонаи илмӣ” дар соли 2025 бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе китобхонаи илмии Донишгоҳ сазовори ҷойи якум гардид.
Донишҷӯйи курси 2-юми Донишгоҳ Ҷоиза Шарифзода дар Озмуни «Сафир барои як рӯз», ки аз ҷониби Шуъбаи СММ дар Тоҷикистон дар байни донишҷӯёни МТОК-и ҷумҳурӣ эълон гардида буд, дар мавзуи «Нақши занон ва духтарон дар дипломатияи ҷаҳонӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо» ғолиб омада, имкони дар рӯзи кории сафирон бо онҳо ҳамроҳӣ намудан ва оид ба фаъолияти онҳо дар дипломатия таҷриба гирифтанро ба даст овард.
Дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 4 нафар донишҷӯёни Донишгоҳ сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.
Дар доираи Ҳафтаи илм – 2025, дастовардҳои илмии устодону донишҷӯён ба намоиш гузошта шуданд. Намоиши дастовардҳои мазкур имконият фароҳам овард, ки иштирокчиён бо навгониҳои илмӣ ва ихтирооти муҳими соҳаҳо шинос шаванд.
21-26 апрел дар кафедраҳои молия, менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ, фаъолияти гумрукӣ, забон ва адабиёти рус, назарияи иқтисодӣ, таърих ва фалсафа, бизнеси сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, ҳуқуқ ва дигар кафедраҳо викторинаҳои гуногун баргузор гардиданд, ки аз ҷониби кафедраҳо ҳавасмандиҳои гуногун ба ғолибон пешниҳод шуд.
18 апрели соли 2025 дар доираи бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳ ҷиҳати иҷрои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» вохурии омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бо кормандони вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии ИИТСС Донишгоҳ дар солҳои 2024-2028 аз руйи самти «Масъалаҳои назариявию амалии таъмини рушди устувори сайёҳӣ ва соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, минтақашавӣ ва дигар тамоюлҳои ҷаҳон» ва муаммои «Дарёфти фишангҳо ва механизмҳои таъмини рушди устувори сайёҳӣ ва соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» барои чор шуъбаи институт аз қайди давлатӣ гузашт.
Бояд гуфт, ки раванди баргузории Ҳафтаи илм – 2025 ба тариқи васеъ тавассути шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва саҳифаҳои иҷтимоии Донишгоҳ ва сохторҳои он нашру пахш гардид.
АКС: Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»