Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 11.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар IT PARK-и шаҳри Душанбе маросими ҷамъбастии «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» баргузор гардида, ғолибони озмунҳои он қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Таъкид карда шуд, ки дар доираи таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт озмуну чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешаванд. Ҳамасола теъдоди зиёди хонандагону омӯзгорон бо мукофотҳои пуливу туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Иброз гардид, ки баргузории чорабиниҳои маърифатӣ ва озмунҳои зеҳнӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, тақвият бахшидани ҳофизаи фарҳангӣ, рушди маҳорату малакаҳои шахсӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва ба ин васила таъмини рушди бемайлони илму маорифи миллӣ заминаи мусоид фароҳам месозад.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббус ва иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллат барои бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ ҳамасола дар пойтахти мамлакат «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.
АКС: Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд






