Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд

Апрель 11, 2025 10:14

ДУШАНБЕ, 11.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар IT PARK-и шаҳри Душанбе маросими ҷамъбастии «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» баргузор гардида, ғолибони озмунҳои он  қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Таъкид карда шуд, ки дар доираи таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт озмуну чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешаванд. Ҳамасола теъдоди зиёди хонандагону омӯзгорон бо мукофотҳои пуливу туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Иброз гардид, ки баргузории чорабиниҳои маърифатӣ ва озмунҳои зеҳнӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, тақвият бахшидани ҳофизаи фарҳангӣ, рушди маҳорату малакаҳои шахсӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва ба ин васила таъмини рушди бемайлони илму маорифи миллӣ заминаи мусоид фароҳам месозад.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббус ва иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллат барои бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ ҳамасола дар пойтахти мамлакат «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.

АКС: Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Апрель 11, 2025 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад