Ҷаласаи вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид

Апрель 28, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 28.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи 8-уми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар доираи ҷаласа вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Вазири тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ло Чун Мао доир шуд.

Ҷонибҳо доир ба рақамикунонии соҳа, рушди тибби халқӣ, ҷудо намудани квота барои беморон, табодули мутахассисон ба давлатҳои ҳамдигар барои таҷрибаомӯзӣ, ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 28, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст