Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Апрель 4, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 04.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ ва иштирок дар Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” ва Форуми “Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ” аз шаҳри Самарқанд ба Ватан баргаштанд.

​Дар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд меҳмони олиқадр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва дигар намояндагони воломақом гусел намуданд.

​Ёдовар мешавем, ки зимни сафар ба Ҷумҳурии Узбекистон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои сатҳи олӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҳошияи ин ҳамоишҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо, Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо ва Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот карда, масоили рушду густариши муносибатҳои ҳамкориро баррасӣ намуданд.

Анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон 04.04.2025

Апрель 4, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар