Анушервон Зоиров ғолиби озмуни шаҳрии «Хонандаи сол-2024» гардид

Апрель 4, 2025 10:42

ДУШАНБЕ, 04.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 11-и Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон Анушервон Зоиров ғолиби озмуни шаҳрии «Хонандаи сол -2024» гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки озмун дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар даври ноҳиявии он Мавлуда Зубайдуллозода, хонандаи синфи 11-и Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур, Саймаъруф Идиев, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Фирдавсӣ, Анушервон Зоиров, хонандаи синфи 11-и Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон аз ноҳияи Сино, Салима Сафарова, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.

Инчунин Мавлуда Зубайдуллозода, хонандаи синфи 11-и Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷойи дуюм ва Саймаъруф Идиев, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ғолиби Озмуни шаҳрии «Хонандаи сол-2024» дар барнома бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Апрель 4, 2025 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид