Тсюй Дунъюй бо мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон шинос гардид

Апрель 29, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 29.04.2025. /АМИТ «Ховар»/.  27 апрел Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид  Тсюй Дунъюй ба Муассисаи давлатии «Кохи Наврӯз» ташриф оварда, бо зебоиҳои он ва нақшу нигори тоҷикӣ шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин бо фаъолияти ҳоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор»и шаҳри Ваҳдат шинос шуда, ҳамчунин  дар ин рӯз аз  дараи Алмосии шаҳри Ҳисор, ки барои ворид гардидан ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» пешниҳод шудааст, боздид ба амал овард.

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид  аз ниҳодҳои муҳими байналмилалие мебошад, ки соли 1945 дар назди Созмони Милали Муттаҳид ба хотири мубориза бо гуруснагӣ ва мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ таъсис дода шудааст. Дар айни замон 194 давлати ҷаҳон аъзои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мебошанд. Қароргоҳи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Рими Италия ҷойгир аст.

АКС:  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

 

Апрель 29, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид