Дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи гулу растанӣ ташкил карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Некӣ бикор»- таҳти чунин унвон дар Боғи «Ирам» бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Намоишгоҳи сеюми хайриявии гулу растанӣ ташкил карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Намоишгоҳи хайриявии гулу растании «Некӣ бикор» гулпарварон ва мутахассисони соҳаро бо имконияти фурӯши гулу растанӣ ва табодули таҷриба муттаҳид намуд.
Дар намоишгоҳ мутахассисон оид ба гулу растанӣ, соҳибкорони соҳа ва дӯстдорони ин намуди маҳсулот иштирок намуданд.
Аз ҷониби гулпарварон ва набототшиносони касбӣ дарсҳои маҳорат гузаронида шуда, иштирокдорон имкон пайдо намуданд, ки оид ба парвариш ва нигоҳубини гулу растанӣ, истифодаи пору ва ғизо барои нашъунамои растанӣ ва гулҳо тавсияҳои муфид дастрас намоянд.
Иштирокдорони Намоишгоҳи хайриявии гулу растанӣ «Некӣ бикор» имкон пайдо намуданд, ки аз намоишгоҳ гулу гулдон ва дигар лавозимоти заруриро, ки барои парвариши гулу растанӣ зарур мебошанд, харидорӣ намоянд.
Ҳадафи намоишгоҳ фароҳам овардани замина барои мубодилаи таҷриба байни гулпарварон, коршиносон ва тиҷорати муштараки онҳо дар самти гулу растанипарварӣ мебошад.
Мақсад аз «Некӣ бикор» ном гирифтани Намоишгоҳи гулу растанӣ он аст, ки маблағҳои ҷамъоваришуда аз фурӯши маҳсулот ба лоиҳаҳои пешгирии саратон дар байни занон дар Тоҷикистон равона карда мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз










Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






