Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО баргузор гардид

Апрель 30, 2025 11:12

ДУШАНБЕ, 30.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри  Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ва бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдор баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Роҳбари Комиссия бо назардошти тағйироти солҳои охир дар тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ), ки асосан ба фаъолияти мақомоти танзим ва назорати давлатӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона шудаанд, мутобиқ намудани низоми миллии мамлакат  ва ба ин восита иҷро кардани талаботи тавсияҳои гуфташударо дар ҳамбастагӣ зарур шуморид.

Бо вуҷуди пешравиҳо баъд аз баҳодиҳии даври дуюми ҷумҳурӣ дар татбиқи тавсияҳои ФАТФ талабот дар даври сеюми баҳогузорӣ боз ҳам пурзӯр гардида, тавсияҳои ФАТФ (солҳои 2023-2024) аз сари нав баҳогузорӣ карда мешаванд. Баҳогузории даври сеюм барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба иҷрои қарорҳои Пайнавишти ҷаласаи қаблии Комиссия, ҳисоботи дуюм оид ба баҳодиҳии хавфи миллии ҚД/МТ/МПСҚО дар Тоҷикистон, баҳодиҳии хавфҳои шахсони ҳуқуқӣ ва созмонҳои ҳуқуқӣ дар самти ҚД/МТ дар Тоҷикистон, масъалаҳои марбут ба мубодилаи иттилоот байни департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъалаҳои ҷойдоштаи рӯйхатҳои таҳримӣ, аз ҷумла рӯйхати миллӣ ва Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокима  ва тасдиқ шуданд.

Қабули ҳисоботи дуюми мамлакат оид ба баҳодиҳии хавфи миллӣ ва аввалин ҳисобот оид ба баҳодиҳии хавфҳои шахсони ҳуқуқӣ ва созмонҳои ҳуқуқӣ дар самти қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ба баланд бардоштани раддабандии мамлакат аз рӯи ин тавсияҳо мусоидат менамояд. Бо мақсади омодагии Тоҷикистон ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобили низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳо дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва пешниҳод намудани он ба Ҳукумати мамлакат қарор қабул гардид.

    АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

 

 

 

Апрель 30, 2025 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Тақвияти ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Агентии рейтенгии «S&P Global Ratings» баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2100 то 9.2905 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони байналмилалии IFSB ҳамоиш баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1210 то 0.1268 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2100 то 9.3113 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.5000 то 10.7603 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1220 то 0.1287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2300 то 9.3057 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллӣ дар доираи омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи Гурӯҳи Авруосиё оид ба МҚД/МТ ҳамоиш баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3181 то 9.3300 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1220 то 0.1296 сомонӣ муқаррар шудааст