Дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» конференсияи илмӣ баргузор шуд

Апрель 7, 2025 17:21

ДУШАНБЕ, 07.04.2025. /АМИТ «Ховар»/.Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (2018-2028)» ва «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030)»  конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.  

Дар конференсия  директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода изҳор дошт, ки рӯ овардан ба таҳқиқоти илмӣ, хусусан ба таҳқиқи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисоди мамлакат ва таъмини рақобатпазирии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Зеро дар марҳилаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши илм ва тафаккури илмӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст.

Таъкид гардид, ки мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникӣ, таъсиси Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ бо озмоишгоҳҳои нави ба бозори меҳнат рақобатпазир, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъсис ёфтааст,  аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат нисбат ба илми ватанӣ ва амалӣ  намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва  «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дарак медиҳад.

Дар  ҳамоиш  дар мавзуъҳои «Истифодаи технологияи рақамӣ дар ҳалли масъалаҳои илмӣ ва идоракунии озмоишгоҳҳо», «Омӯзиши имконияти ҷудокунии уран аз маъданҳои урандори Помири шарқӣ», «Омӯзиши мавҷудият ва миқдори кофеин дар баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ»,  «Объектҳои обии Тоҷикистони Шимолӣ» маърузаҳо шунида шуданд.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 7, 2025 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид