Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони Тоҷикистон бо истифода аз имконоту иқтидори зеҳнӣ ва ҷисмонӣ муаррифи ҳақиқии миллат дар арсаи байналмилалӣ гардида, ҳамарӯза барои боз ҳам болотар бурдани нуфузи мамлакат талош менамоянд. Ин аст, ки Роҳбари давлат ба қабули ҳар қарор ва тасмим ба манфиати ҷавонон ва талаботи онҳо диққати махсус медиҳанд. Ин матлаб зимни ҳамоиши илмӣ дар мавзуи «Президент ва ҷавонон» ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май), ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ доир шуд, баён гардид.
Дар ҳамоиш ҳозирин дастовардҳои 34 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ, нақшу саҳми ҷавонон ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукуматро нисбат ба ҷавонон ёдовар шуданд. Иброз гардид, ки таҳти сарварии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат мақоми салоҳиятноки давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон амал менамояд. Дар солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ мақоми ҷавонон ҳамчун ояндаи ҷумҳурӣ батадриҷ баланд гардид.
Ҷавононро зарур аст, ки бо истифода аз имконияти фароҳамоварда ҳарчи бештар ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул бошанд, то фардои Ватан ва ояндаи миллатро ободу осуда гардонанд. Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа назаррас мебошад.
Дар фарҷом иштирокчиён доир ба мавзуъҳои мубрам ва калидии марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






