Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Маркази таълимӣ-истеҳсолии электромобилҳо таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 08.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел дар доираи амалисозӣ ва пешбурди фаъолияти Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – коргоҳи Лубан мулоқоти Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Қудрат Давлатзода ва намояндагони Донишгоҳи касбӣ — техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникӣ хабар медиҳад.
Қудрат Давлатзода таҳкими минбаъдаи ҳамкории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷин ва Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷинро муҳим арзёбӣ намуда, зиёд намудани барномаҳои мубодилаи фарҳангӣ ва таълимӣ, аз ҷумла таъмини стипендияҳо ва таъсиси марказҳои таълимии иловагиро дар самти электромобилҳо дар заминаи факултети нақлиёт ва инфрасохтори роҳ, дастгирии ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти киберӣ ва рақамикунонии таҳсилотро дар доираи Устохонаи Лубан (Luban Workshop) пешбарӣ намуд.
Ҳамзамон дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Маркази таълими амалии геодезия ва картографияи интеллектуалӣ ва Маркази омӯзиши амалии энергияи «сабз», ки соли 2022 бо мақсади амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар заминаи Донишгоҳи техникӣ бунёд шудааст, мавриди баррасии тарафайн қарор гирифтанд.
Дар баробари ин, ҷонибҳо барои ба сатҳи нави ҳамкорӣ баровардани муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, васеъ намудани табодули донишҷӯён, устодон ва муҳаққиқон, таваҷҷуҳи махсус ба фанҳои техникӣ, муҳандисӣ, технологияҳои «сабз» ва рақамӣ, омодасозии мутахассисони касбӣ бо стандартҳои байналмилалӣ дар бахши нақлиёти барқӣ ва технологияҳои нав ва баргузор намудани Форуми сеюми таҳсилоти касбӣ – муҳандисии Тоҷикистону Чинро баррасӣ намуданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






