Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масъалаи омоданамоии муҳандисони самти роҳсозӣ баррасӣ гардид

Апрель 22, 2025 08:51

ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Омодасозии асосноккунии техникӣ — иқтисодии лоиҳаи иншооти «Сохтмони хати нави роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ — Ҷайҳун — Панҷи Поён» дар вохӯрии роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо намояндагони Институти таҳқиқотии роҳи оҳани Корея баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи техникӣ хабар доданд, масъалаҳои марбут ба омода намудани муҳандисони самти роҳсозӣ дар ҷумҳурӣ, такмили барномаҳои таълимии сохтмони роҳҳо дар донишгоҳ, баҳисобгирии тағйирёбии иқлим ҳангоми лоиҳакашии роҳ, кам намудани ҳаҷми газҳои ихроҷшаванда ба атмосфера ҳангоми роҳсозӣ, стандартҳои сохтмону таҷдиди роҳҳо, маводи сохтмонӣ, такмили дараҷаи касбии устодон, табодули академии омӯзгорон ва донишҷӯён ва амсоли инҳо ба таври муфассал мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо баргузор намудани машварати омӯзиширо барои омӯзгорону донишҷӯён вобаста ба мавзуъҳои дахлдори самти роҳи оҳан бо ҷалби мутахассисони байналмилалӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадам давоми моҳи июн — октябри соли равон дар донишгоҳ баррасӣ намуда, барои мулоқоти судманд ва пешниҳоди мушаххас изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Хатмкунандагони факултети нақлиёт ва инфрасохтори роҳи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар рушду ободонии ҷумҳурӣ дар самти сохтмони роҳҳои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ нақши сазовор гузошта, барои ба ҷумҳурии транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таҷрибаи ҷаҳониро амалӣ менамоянд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

 

Апрель 22, 2025 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид