Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вобаста ба нақши ихтирооту навоварӣ дар рушди иқтисоди миллӣ конференсия доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Ҳафтаи илм ва «Бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таҳти унвони «Нақши ихтирооту навоварӣ дар рушди иқтисоди миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Дар конференсия масъалаҳои навоварӣ, сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ихтироот ва навовариҳои технологӣ дар рушди саноати сабук, нақши муҳандисии барномавӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди иқтисоди миллӣ, шароити иҷтимоӣ-иқтисодии ташаккули иқтисодиёти рақамӣ, мушкилоти бехатарии иқтисодӣ ва ихтирооту навоварӣ чун омили асосии пешбарандаи ҷомеа баррасӣ шуданд.
Дар конференсия аз ҷониби устодон дар мавзуъҳои «Заминаҳои ташаккулёбӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ», «Технология ва афзорҳои муосири таълим: воситаҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии тавлидгар», «Натиҷаҳои фаъолияти илмии кафедраи химия дар самти бехатарии ғизоӣ ва амнияти озуқаворӣ» ва ғайра маърузаҳо пешниҳод шуданд.
Иброз гардид, ки зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 барои гузариш ба низоми рақамикунонии бахшҳои иқтисоди мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ бобати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид






