Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вобаста ба нақши ихтирооту навоварӣ дар рушди иқтисоди миллӣ конференсия доир шуд

Апрель 27, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 27.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Ҳафтаи илм ва «Бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таҳти унвони «Нақши ихтирооту навоварӣ дар рушди иқтисоди миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Дар конференсия масъалаҳои навоварӣ, сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ихтироот ва навовариҳои технологӣ дар рушди саноати сабук, нақши муҳандисии барномавӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди иқтисоди миллӣ, шароити иҷтимоӣ-иқтисодии ташаккули иқтисодиёти рақамӣ, мушкилоти бехатарии иқтисодӣ ва ихтирооту навоварӣ чун омили асосии пешбарандаи ҷомеа баррасӣ шуданд.

Дар конференсия аз ҷониби устодон дар мавзуъҳои «Заминаҳои ташаккулёбӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ», «Технология ва афзорҳои муосири таълим: воситаҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии тавлидгар», «Натиҷаҳои фаъолияти илмии кафедраи химия дар самти бехатарии ғизоӣ ва амнияти озуқаворӣ» ва ғайра маърузаҳо пешниҳод шуданд.

Иброз гардид, ки зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 барои гузариш ба низоми рақамикунонии бахшҳои иқтисоди мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.  Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ бобати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

 

Апрель 27, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 26 сол дар ноҳияи Восеъ 16 муассисаи нав бунёд карда шуд
Дар Хатлон 37 хатмкунанда соҳиби аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ гардид
«МАКТАБИ ПЕШСАФ — МАКТАБИ ШАРИК». Дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон таҳти чунин унвон низоми нав амалӣ карда мешавад
Осори Робиаи Балхӣ ба 10 забони хориҷӣ тарҷума карда шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН. Таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии муҳандисӣ-кайҳонӣ сазовори ҷойи дуюм шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Барои рушди ин соҳа дар Бадахшон зиёда аз 422 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф давоми 25 соли охир 224 баробар зиёд гардид