Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» баргузор мегардад

Апрель 16, 2025 13:41

ДУШАНБЕ, 16.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар пойтахт Фестивал — озмуни «Беҳтарин армуғон» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.

Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» бо мақсади рушди ҳунари армуғонсозӣ, муаррифии намудҳои гуногуни босифату ташаккули шакли нави маҳсулоти армуғонӣ ва муайянсозии тамоюлоти нав дар соҳа доир мегардад. Инчунин ба ин васила тарғиби истеҳсоли маҳсулоти армуғонӣ бо истифодаи рамзҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳифз ва нигоҳдории мероси фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон бештар мешавад.

Ҳоло фестивал дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад. Дар он аз ҷониби ҳунармандон ҳунари кашидадӯзӣ, қуроқбофӣ, атласу адрасбофӣ, кундалнигорӣ ва наққошӣ, кулолгарӣ ва аъҷубасозӣ, коркарди санг, чарм, чӯб ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

 АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

 

Апрель 16, 2025 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад