Дар Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғулияти омӯзишӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 05.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» барои зиёда аз 220 нафар мутахассисони соҳаи варзиш ду машғулияти омӯзишии байналмилалиро дар мавзуъҳои «Фармакологияи варзиш» ва «Травматология ва реабилитатсия» бо истифода аз таҷрибаи мутахассиси эътирофшудаи Федератсияи Русия Юрий Кириллов оғоз намуд, ки то 8 апрел идома меёбанд. Ин машғулият бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов доир мешаванд.
Муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода гуфт, ки машғулият дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар чаҳорчӯбаи иҷрои «Стратегияи рушди варзиши Тоҷикистон то соли 2030» доир мегардад. Барои иштирокчиёни машғулият имконияти мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ фароҳам оварда шудааст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ зарурати стратегӣ дорад. Ғайр аз ин барои омӯзиши усулҳои нави пешгирии истифодаи моддаҳои ғайриқонунӣ дар варзиш ва барқарорсозии ҷисмонии варзишгарон имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Машғулияти омӯзишӣ бо мақсади амалӣ намудани нақшаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи варзиш, ки 15 феврали соли 2024 тасдиқ шудааст, амалӣ гардида, ду давра — давраи назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад.
Дар машғулият асосан мавзуъҳои таҳлили таъсири моддаҳои фармакологӣ, мубориза бо допинг, ҳифзи тандурустии варзишгарон, баррасии қонунҳои нави ҷаҳонӣ дар соҳаи фармакологияи варзишӣ, технологияҳои реабилитатсионии суръатбахш, пешгирии захмҳои варзишӣ, таҷрибаи клиникаҳои тобовари Аврупо ва омӯзиши амалии усулҳои физиотерапия дар толори варзишӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.
Директори Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шаҳбози Искандар ин машғулияти омӯзиширо қадами нав дар роҳи рушди сифатии варзиши миллӣ номид.
Таҳияи барномаҳои омӯзишӣ бо иштироки мутахассисони байналмилалӣ нишондиҳандаи таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон барои афзоиши сатҳи тахассусии кормандон мебошад. Баргузории чунин машғулият на танҳо ба рушди соҳаи варзиш, балки ба таъмини амнияти иҷтимоӣ низ мусоидат менамояд.
Таҳсили мутахассисони маҳаллӣ дар соҳаҳои фармакология ва травматология имконияти пешгирии бемориҳои ҷиддиро фароҳам оварда, сарфаи давлатӣ ба табобатро коҳиш медиҳад. Ин амалиёт бо сиёсати Ҳукумати мамлакат оид ба тарбияи насли ҷавон ва таъмини солимии ҷумҳуриявӣ ҳамоҳангӣ дорад.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






