Дар мавзуи ҷавонон ва ҷаҳони муосир конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Апрель 26, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа таҳти унвони «Ҷавонон ва ҷаҳони муосир: мушкилот ва дурнамо» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи исломӣ хабар доданд.

Конференсия бо ташаббуси донишкада ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар кори он муҳаққиқон ва коршиносон аз институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, мактабҳои олӣ, мақомот ва идораҳои давлатии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  тарбияи  ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ҷавонон, ҷавонон- қувваи  пешбарандаи ҷомеаи  муосир, мушкилоти асосии ҷавонон дар ҷаҳони муосир, маориф  ва  рушди ҷавонон дар замони муосир, иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа, технологияи муосир ва таъсири он ба ҷавонон, ҷавонон ва дигаргуниҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар ҷомеа, ҷавонон ва таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, маърифаткунонии ҷавонон- усули фаъоли мубориза бо ифротгароӣ ва  хурофотпарастӣ ва ғайра аз масъалаҳое буданд, ки дар конференсия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

      АКС: Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа

 

 

Апрель 26, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд