Дар мавзуи ҷавонон ва ҷаҳони муосир конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа таҳти унвони «Ҷавонон ва ҷаҳони муосир: мушкилот ва дурнамо» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи исломӣ хабар доданд.
Конференсия бо ташаббуси донишкада ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар кори он муҳаққиқон ва коршиносон аз институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, мактабҳои олӣ, мақомот ва идораҳои давлатии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ҷавонон, ҷавонон- қувваи пешбарандаи ҷомеаи муосир, мушкилоти асосии ҷавонон дар ҷаҳони муосир, маориф ва рушди ҷавонон дар замони муосир, иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа, технологияи муосир ва таъсири он ба ҷавонон, ҷавонон ва дигаргуниҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар ҷомеа, ҷавонон ва таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, маърифаткунонии ҷавонон- усули фаъоли мубориза бо ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ ва ғайра аз масъалаҳое буданд, ки дар конференсия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа








Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад






