Дар Москва фестивали дӯстии халқҳо «Кишвари ман» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел дар Донишгоҳи давлатии техникии мошинсозӣ ва роҳи автомобилгарди Москва (МАДИ) фестивали анъанавии «Кишвари ман» — ҷашни дӯстӣ, фарҳанг ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни тоҷик низ иштирок намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, дар фестивал роҳбарияти донишгоҳ, намояндагони мақомоти соҳавии Русия ва корпуси муқими дипломатӣ, инчунин донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Москва таҳсил мекунанд, иштирок намуданд.
Фестивал, ки ба ҷузъи муҳими ҳаёти донишгоҳ табдил ёфтааст, бори дигар аҳамияти худро дар таҳкими робитаҳои донишҷӯёни миллатҳои гуногун, ҳифзи арзишҳои ахлоқию фарҳангӣ ва ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ба фаъолияти ин донишгоҳ нишон дод.
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд ва Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯёни Тоҷикистон ҳозиринро бо фарҳангу санъати волои халқи тоҷик шинос намуданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия








Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»






