Дар Намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2025 гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 14.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12-13 апрел дар шаҳри Осакаи Ҷопон Намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2025 таҳти унвони «Тарҳрезии ҷомеаи оянда барои мо» баргузор гардид. Дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Пиряхҳо ва сарчашмаҳои обӣ — барои наҷоти ҳаёт ва ояндаи устувор» павилиони миллии худро ташкил намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, павилиони мамлакат бо мақсади дастгирии ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ ташкил шуд.
Гӯшаи Тоҷикистон бо тарҳу ороиши миллӣ омода шуда, дар он маълумот оид ба захираҳои обӣ, пиряхҳо ва мавзеъҳои мухталифи мамлакат пешниҳод гардид. Инчунин дар гӯшаи Тоҷикистон намунаҳои маъданҳои табиӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, кандакорӣ, сангҳои ороишӣ, маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, обҳои минералӣ, асал ва меваҳои хушки ватанӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2025 аз 13 апрел то 13 октябри соли 2025 идома меёбад. Инчунин 27 июни соли 2025 баргузории Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон


















Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ баррасӣ гардид
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
Дар мулоқоти вазирони энергетика ва оби Тоҷикистон ва Либия натиҷаҳои Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе баррасӣ шуданд
Фаррух Ҳамрализода бо сафири Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нико Схермерс мулоқот намуд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти «Маркази тиҷоратии ҷаҳонӣ»-и иёлати Ютаҳи ИМА вохӯрӣ намуд
Ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эъломияи Хуҷанд дар Маркази Авруосиёи Шурои Атлантик баррасӣ шуд
Намояндаи Қазоқистон Нина Пиманкина: «Дар ташкили конфронсҳои байналмилалӣ мехоҳем аз таҷрибаи Тоҷикистон истифода намоем»
Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Индонезия баргузор гардиданд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон доир шуд






