Дар Намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2025 гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид

Апрель 14, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 14.04.2025. /АМИТ «Ховар»/.  12-13 апрел дар шаҳри Осакаи Ҷопон Намоишгоҳи байналмилалии  EXPO-2025 таҳти унвони «Тарҳрезии ҷомеаи оянда барои мо» баргузор гардид. Дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Пиряхҳо ва сарчашмаҳои обӣ — барои наҷоти ҳаёт ва ояндаи устувор»  павилиони миллии худро ташкил намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, павилиони мамлакат бо мақсади дастгирии ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ ташкил шуд.

Гӯшаи Тоҷикистон бо тарҳу ороиши миллӣ омода шуда, дар он маълумот оид ба захираҳои обӣ, пиряхҳо ва мавзеъҳои мухталифи мамлакат пешниҳод гардид. Инчунин дар гӯшаи Тоҷикистон намунаҳои маъданҳои табиӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, кандакорӣ, сангҳои ороишӣ, маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, обҳои минералӣ, асал ва меваҳои хушки ватанӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2025 аз 13 апрел то 13 октябри соли 2025 идома меёбад. Инчунин 27 июни соли 2025 баргузории Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 14, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд