Дар ноҳияи Вахш даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Панҷ, Шаҳритус, Вахш, Дӯстӣ, Ёвон, Левакант ва Ҷайҳун даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар озмун 110 хонанда аз рӯи ихтисосҳои системаи компютерӣ ва интернет-технология, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил, дӯзанда, ҳисобдор бо донистани компютер бо супоридани тест аз рӯи фанни таълимӣ ва нишон додани маҳорат аз рӯи ихтисос иштирок намуданд.
17 апрел дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Восеъ даври якуми озмун байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии минтақаи Кӯлоб идома ёфта, баъди ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳон ғолибон ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат мегиранд.
Даври ниҳоии озмун 17-18 май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад






